🎓 Сомонаи коркарди забони тоҷикӣ

Хуш омадед ба сомона!

Мубрамияти мавзуи лоиҳа пеш аз ҳама бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи барномаи истифода ва рушди технологияи иттилоотӣ дар забони тоҷикӣ”, эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” ва як қатор барномаву стратегияҳои дар ин самт қабул гардида алоқамандии бевосита дорад. Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон олимону муҳаққиқон ба масъалаи покизагии забон, диққати махсус додаанд ва имрӯз ҳам ин масъулияти асосиро идома додаистодаанд. Ин нукта ба тафсил дар китоби Пешвои миллат “Суханҳои ҳикматомӯзи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон” бараъло қайд гардидааст, ҳикмате аз онро ин ҷо овардан айни муддао аст: “Поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан қарзи фарзандии ҳар яки мову шумост. Бинобарин олимону зиёиёни мо бояд бо таҳқиқи масъалаҳои муҳимтарини забон ва таҷдиду таҳияи қомусу фарҳангномаҳо, ки барои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва маърифати забономӯзии наслҳои имрӯзу оянда заруранд, ҷиддӣ машғул шаванд”.
Ин платформа барои пардозиши худкори забони тоҷикӣ сохта шудааст. Дар платформаи рақамии мазкур имкониятҳои гуногуни коркарди худкори матнҳои забони тоҷикӣ аз қабили ҷудокунии ҳарф, калима ва ҷумлаҳои матн, таҳияи басомади ҳарф, калима ва ҷумлаҳои матн, тарҷума, талаффуз, таҳлил ва ғайра мавҷуд мебошад.